Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс аз сафар ба Чин даст кашид


Кондолиза Райс - вазири умури хориҷаи Амрико, ба хотири таваҷҷӯҳ ба авзоъи бӯҳронӣ дар Ховари Миёна аз сафари барномарезишудааш ба Чин даст кашидааст. Қарор буд, хонум Райс барои дидору мулоқот бо мақомоти Чин ва ширкат дар таҷлили 30 - умин солгарди муносиботи миёни ду кишвар ба Пекин сафар кунад. Муовини вазири умури хориҷаи Амрико Ҷон Негропонте ба ҷойи хонум Райс ба Пекин сафар хоҳад кард. Кондолиза Райс рӯзи ҷумъа хостори созиши оташбаси дерпой ва собит миёни Исроил ва Ҳамос шуд.
XS
SM
MD
LG