Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи ағбаи Хайбари Покистон дубора боз шудааст


Мақомоти покистонӣ мегӯянд, ағбаи Хайбар, роҳи асосии икмолотии нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон дубора боз шудааст. Ҳаракат аз тариқи ин гардана се рӯз пеш дар ҳоле манъ шуд, ки нерӯҳои покистонӣ як амалиёти поккории минтақа аз ситезаҷӯёнро шурӯъ кардаанд. Раиси маъмурияти Хайбар, Тариқ Ҳаётхон мегӯяд, амалиёти ҳарбӣ идома дорад, вале роҳи ағба боз шудааст.
XS
SM
MD
LG