Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё хостори хатми низоъ дар навори Ғаза шуд


Имрӯз ҳукумати Бритониё бори дигар ба хатми хушунат миёни фалстиниҳо ва Исроил даъват кард. Вазири умури хориҷаи ин кишвар Дэвид Миллибэнд изҳор намуд, ки “ҳалокати ҳеҷ фарди бегуноҳ қобили қабул нест, ҳоло бошад гап сари куштори оммавии одамон меравад, ки бештари онҳо мардуми осоишта ва кудаконанд”. Имрӯз ҳукумати Покистон низ хостори қатъи низоъ дар навори Ғаза шуд.

Дар ҳамин ҳол дар бархе кишварҳо алайҳи амалиёти низомии Исроил дар навори Ғаза намоишҳои эътирозӣ доир шуданд. Имрӯз даҳҳо ҳазор сокинони Теҳрон дар як ҳамоиши зиддиисроилӣ ширкат намуданд. Дар Бағдод тақрибан ҳазор тан аз ҷонибдорони раҳбари шиаҳои ироқӣ Муқтадо Ас-Садр ҷамъ омада ҳамлаи Исроилро шадидан маҳкум карданд. Дар Индонезӣ тақрибан ҳазор донишҷӯ парчамҳои Фаластин дар даст ва бо нидоҳои “Террористи ҳақиқӣ Исроил аст” пуштибонии худ аз мардуми навори Ғазаро изҳор намуданд.

XS
SM
MD
LG