Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз авзоъ дар Ғазза ниҳоят нигарон аст


Шӯрои Амнияти Созмони Милал имрӯз аз шиддат гирифтани авзоъ дар Навори Ғазза ибрози нигаронии амиқ кард ва аз Исроилу Фаластиниён хост, то ба хунрезиву хушунат хотима диҳанд. Ба иттилоъи мақомоти Фаластинӣ, дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Навори Ғазза 271 нафар ҳалок шудаанд. Шӯрои Амният, ки ба хотири баррасии авзоъ дар Ғазза нишасти изтирорӣ баргузор кард, ба эҳёи созиши оташбас миёни Исроил ва созмони исломии Ҳамос таъкид варзидааст. Айни замон ҳавопаймоҳои Исроил ҳамлаҳои ҳавоиро дар Навори Ғазза имрӯз идома дода шаш тани дигарро куштаанд. Исроил гуфт, ба ҳамлаҳои мушакӣ аз Навори Ғазза вокуниш нишон медиҳад ва то замоне, ки лозим аст, ҳамлаҳои мушакиро идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG