Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни таркиш дар Евпатория афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни таркиши бинои бисёрманзила дар шаҳри Евпаторияи нимҷазираи Қрим ба 27 нафар расид. Шаби гузашта наҷотбахшон аз зери оворҳо ҷасади боз се нафарро пайдо карданд.
Имрӯз дар Украина ба хотири қурбониёни ҳодиса рӯзи мотам эълон шудааст. Дар сартосари кишвар парчамҳои давлатӣ пойин карда ва ҳама барномаҳои фароғатӣ лағв шудаанд. Додситонии Қрим дар баробари ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Тибқи яке аз фарзияҳо, дар таҳхонаи ин бинои бисёрманзила баллонҳо бо оксиген ва атсетилен нигаҳ дошта мешуд. Ва аммо Александр Мазилин, садри Раёсати ҳолатҳои изтирории ҷумҳурии Қрим изҳор намуд, ки “айни ҳол дар бораи сабабҳои ҳодиса чизе гуфтан барвақт аст”.

XS
SM
MD
LG