Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистониҳо аз Беназир Бҳутто ёд мекунанд


Имрӯзҳо даҳҳо ҳазор покистониҳо дар канори оромгоҳи Беназир Бҳутто, ки як сол қабл дар як ҳамлаи террористӣ кушта шуда буд, гирди ҳам меоянд. Ба иттилоъи Исломобод, айни ҳол тақрибан 35 ҳазор нафар ба шаҳри Гархи Худобахш, воқеъ дар ҷануби Покистон омадаанд –маросими ёдбуди хонум Бҳутто рӯзи шанбе дар ҳамин шаҳр баргузор хоҳад шуд.

Беназир Бҳутто, сарвазири собиқ ва раиси Ҳизби мардумии Покистон се моҳ қабл аз ҳалокаташ аз ҳиҷрати чандинсола ба Ватан баргашта буд. Ӯ дубора вориди сиёсат шуд ва бо вуҷуди таҳдидҳои зиёд ба хотири пирӯзии ҳизбаш дар интихоботи парлумонӣ ба тарғибот шурӯъ кард. 27 декабри соли 2007 дар яке аз ҳамин гуна маъракаҳои тарғиботӣ дар шаҳри Равалпиндӣ ӯ ҳадафи суиқасд қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG