Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Будҷаи СММ ва кормандони ин созмон афзоиш меёбад


Кишварҳои узви СММ ба тавофуқ расиданд, ки будҷаи ин созмон барои ду соли оянда ҳудуди 700 милиён доллар афзоиш ёбад. СММ мегуяд, масорифи фаъолияти намояндагиҳо ва гуруҳҳои ин созмон афзоиш ёфтааст. Рузи чаҳоршанбе Маҷмаъи Умумӣ барои боло бурдани будҷа дар соли 2008-2009 аз 4 милиярду 170 милиён то ба бештар аз 4 милиярду 870 милиён ба созиш даст ёфт. Ба будҷаи нав 429.5 милилён доллар барои 27 намояндагии сиёсии СММ, аз ҷумла дар Афғонистону Ироқ шомил мешавад. Ин маблағ ҳамчунин имкон медиҳад, ки дар раёсати умури сиёсии СММ 49 ҷои кори нав ва дар бахши барномаҳои рушд 91 ҷои кори нав ба вуҷуд ояд. Ин будҷа аз ҳисоби ҳақ-ул-узвияти кишварҳои узви СММ ҷамъоварӣ мешавад. Фаъолияти нируҳои посдори сулҳи СММ аз ин будҷа сармоягузорӣ намешавад.
XS
SM
MD
LG