Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талко тавлиди алюминиумро 10% коҳиш медиҳад


Ширкати алюминиуми Тоҷикистон: Талко, изҳор намудааст, ки вобаста ба бӯҳрони саросарии иқтисодӣ тавлиди алюминиумро 10% коҳиш медиҳад. Дар изҳороте, ки рӯзи сешанбе ба табъ расид, ширкати Талко гуфтааст, коҳиши тавлиди алюминиум зарур аст, зеро дар натиҷаи бӯҳрони саросарии молӣ нархи алюминиум поин рафт. 75% асъори хориҷие, ки Тоҷикистон ба даст меорад, аз ҳисоби содироти алюминиум ҳосил мешавад. Соли 2007-ум ширкати Талко беш аз 421000 тонна алюминиум истеҳсол карда буд.
XS
SM
MD
LG