Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонун ҳамли маснуъӣ дар Тоҷикистонро иҷоза медиҳад?


Рузи сешанбе порламони Тоҷикистон пешнависи қонунеро дар бораи бордоршавии маснуъӣ баррасӣ кард. Намояндагони порламон натавонистанд роҷеъ ба ҳамаи моддаҳои ин пешнавис ба тавофуқ расанд. Ин масъала дар кишварҳои мусулмоннишин аз мавзуъҳои ҳассос ба шумор меравад, зеро ислом чунин корро хилофи шариъат медонад. Вале ҳар сол садҳо нафар занони бефарзанд барои аз роҳи маснуъӣ соҳиби фарзанд шудан ба дармонгоҳҳои кишварҳои дигар ру меоранд. Ҳамли маснуъӣ тибқи пешнависи қонуни мазкур бо ризояти зану шавҳар анҷом мегирад ва кудаки ба дунёомада фарзанди онҳо дониста мешавад. Баррасии пешнависи қонуни мазкур дар порламон то муддате ба таъвиқ андохта шуд.
XS
SM
MD
LG