Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украинҳо аз бӯҳрони иқтисодӣ сахт нигаронанд


Имрӯз тақрибан 5 ҳазор сокинони Киев дар маркази шаҳр гирди ҳам омада хостори боло бурдани ҳаққулзаҳмат ва пардохтҳои иҷтимоӣ шуданд. Эътирозгарон ҳамчунин аз мақомоти Украина талаб карданд, ки қимати хадамоти коммуналӣ пойин бурда шавад. Ҳамин гуна намоишҳои эътирозӣ як ҳафта пеш дар шаҳрҳои бузурги Украина баргузор шуда буданд. Ба гуфтаи мутахассисон, пойинравии қимати пулод – тавлидоти аслии содиротии Украина дар бозори ҷаҳонӣ боиси жарфтар шудани бӯҳрон дар ин кишвар шудааст.
XS
SM
MD
LG