Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW бозкушоии дафтари Ибодиро талаб кард


Созмони Дидбони ҳуқуқи инсон ё Human Rights Watch ҳамлаи нерӯҳои амниятии Эронро ба дафтари барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел Ширин Ибодӣ маҳкум кард. Дар изҳороти ин созмон, ки ҳамчунин гурӯҳи Маъракаи ҳуқуқи инсони Эрон ба он имзо кардааст, вуруди ходимони амниятӣ ба ин дафтар як амали ғайриқонуние унвон шудааст, ки ҳадафаш бастани даҳони ҳомиёни ҳуқуқ аст. Дар изҳорот аз мақомоти Эрон даъват мешаад, ба Ибодӣ имкон диҳанд, ки Маркази муҳофизони ҳуқуқи инсонро бозкушоӣ намояд. Ба иттилоъи хабаргузории "Меҳр"-и Эрон ин марказ барои он баста шуд, ки гӯё иҷозаи чунин фаъолиятро надоштааст. Ҳамла замоне ба вуқӯъ пайваст, ки кормандони марказ ба таҷлил аз 60-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар омоадгӣ медиданд.
XS
SM
MD
LG