Залмай Халилзод- намояндаи Амрико дар СММ гуфтааст, нируҳои эътилофи байналмиллалӣ бояд бо Толибони ислоҳотталаб тамос ҳосил кунанд. Аммо оқои Халилзод дар мусоҳибааш бо телвизюни Си Эн Эн гуфтааст, барои он ки нируҳои эътилоф ва ҳукумати Афғонистон муваффақ шаванд, бояд нисбат ба вазъи кунунӣ дар вазъияти беҳтаре қарор дошта бошанд. Залмай Халилзод ҳамчунин гуфтааст, ҳукумати Афғонистон бояд бо ришвахорӣ муборизаро шадидтар кунад.