Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА Туркияро ба шурӯъи ислоҳот даъват кард


Кумиссари ИА дар умури тавсиъаи ин созмон Оллӣ Рен гуфт, Туркия бояд ихтилофоти дохилиашро рафъ карда, соли оянда ба хотири намоиши ҷиддияти азмаш барои пайвастан ба ин Иттиҳодия ба ислоҳоти дер боз ба таъхируфтода бипардозад. Оллӣ Рен ба хабаргузории Ройтерс гуфт, Туркия бояд Қонуни асосиашро ислоҳ ва вазъи озодии баён ва ҳаққи гурӯҳҳои мазҳабӣ ва қавмиву забониро беҳтар кунад. Рен бо ишора ба таниши байни гурӯҳҳои исломӣ ва дунявӣ дар Туркия гуфт, муҳим аст, ки ҷомиаи Туркия як роҳи ҳамзистиро пайдо кунад. Рен ҳамчунин гуфт, интизор дорад, ки ба дунболи Черногория шумори бештари кишварҳои Балкан хостори пайвастан ба узвияти ИА хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG