Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канада низ ба корхонаҳои мошинсозӣ кӯмак мекунад


Сарвазири Канада Стивен Ҳарпер барномаи 3,29 миллиарддолларии кӯмак ба корхонаҳои канадоии ширкатҳои мошинсозии Амрикоро эълом кард. Мошинсозӣ, ки беш аз ним миллион нафарро дар кишвар бо ҷойи кор таъмин мекунад, як бахши муҳими иқтисоди Канада маҳсуб шуда, 14 дарсади тавлидоти саноатии кишвар маҳз аз ҳисоби фаровардаҳои корхонаҳои мошинсозӣ ба даст меояд. Ин барномаи кӯмаки давлати Канада дар ҳоле эълом шуд, ки рӯзи ҷумъа раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш иттихози 17,4 миллиард доллар кӯмак ба ширкатҳои мошинсозии Амрикоро ваъда супурд.
XS
SM
MD
LG