Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои амниятии Мавритания Абдуллоҳиро бурданд


Духтари раисиҷумҳури дар моҳи август аз мақом барканоршудаи кишвари африқоии Мавритания мегӯяд, мақомоти амниятӣ шаби гузашта падарашро бо худ бурдаанд. Сидӣ Шайх Абдуллоҳӣ дар пайи табаддулоти давлатии рӯзи 6 август, ки мунҷар ба суқути давлати ӯ ва бар ҳарики қудрат дар Мавритания нишастани хунтаи низомӣ шуд, дар манзилаш таҳти ҳабси хонагӣ ба сар мебурд. Амрико ва Фаронса ба дунболи он табаддулот тавзеъи кӯмакҳо ба Мавританияро қатъ карда, раҳоии Шайх Абдуллоҳиро талаб гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG