Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Афғонистон нирӯи изофӣ эъзом мекунад


Маҷлиси поёнии парлумони Ҷумҳурии Чех барномаи эъзоми 200 сарбози изофӣ ба Афғонистон ва ҳамин тавр, тамдиди замони ҳузури 500 сарбози дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон мустақарбудаи ин кишварро радд кард. Ин дар ҳолест, ки вазири хориҷаи Амрико Роберт Гейтс барномаи эъзоми як бригадаи ҷангии иборат аз тақрибан 2800 сарбоз ба Афғонистонро тасвиб кардааст. Эъзоми нирӯҳои изофии Амрико ба Афғонистон ғолибан дар баҳори оянда сурат гирифта, фурӯ нишондани мизони фазояндаи муқовимати чирикиҳои толиб як ҳадафи аслии ирсоли нирӯи бештар ба Афғонистон гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG