Рӯзи шанбеи 20 декабр кӯтоҳтарин рӯзи сол ва шаби 20 ба 21 декабр ба ин тартиб тӯлонитарин шаби сол аст. Шабе, ки дар тақвими мардумони форсизабон ҳамчун шаби ялдо ва ё шаби чилла таҷлил мешавад. Шаби ялдо дар тақвими Эрони бостон аз поёни фасли пойиз ва оғози зимистон дарак медод. Суннати истиқбол аз шаби ялдо ва ё шаби чилла дар Тоҷикистони имрӯз роиҷ нест, вале дар Эрон, ки имшаб ба таърихи 30-юми озармоҳ рост меояд, аз шаби ялдо ҳамчунон ба таври густарда таҷлил мекунанд.