Президенти Покистон, имрӯз маҷбур буд, бо сабаби бад будани обуҳаво сафари худро ба Афғонистон барои гуфтушунид бо ҳамтои афғонаш Ҳомид Карзай лағв кунад. Дафтари раёсатҷумҳурии Афғонистон хабар дод, ки Зардорӣ натавонист, дар шароити бади ҳаво Покистонро тарк кунад. Дар изҳорот гуфта мешавад, раҳбари Покистон аз даъвати Карзай сипосгузорӣ кард ва умедвори дидор дар фурсати беҳтар гардид. Қарор буд, ин нахустин сафари расмии Зардорӣ ба Афғонистон шавад. Дафтари раёсатҷумҳурии Афғонистон гуфт, даъватнома ҳамоно боэътибор хоҳад монд.