Як донишманди конодоӣ мегуяд, Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон аз вай хостааст, ки мақоми волии вилояти ноороми Қандаҳорро бар уҳда бигирад. Рузномаи "Glob and Mail" -чопи Конодо аз қавли Турёлай Весо навиштааст, ки вай ин дархостро пазируфтааст. Турёлай дар ин мақом Раҳматуллоҳ Рауфӣ-генерали артишро иваз мекунад, ки дар аввали ҳамин моҳ аз мақомаш барканор шуд. Матбуъоти Конодо менависад, Турёлай коршиноси кишоварзист ва дар Афғонистон ба унвони мушовир низ кор кардааст.