Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таносуби манфии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон


Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли равон беш аз 4,3 миллиард долларро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад бештар аст. Аммо ҳудуди 3 миллиард доллар аз ҷамъи табодули молу колои Тоҷикистонро имсол аз ҳисоби воридот ба даст омадааст, дар ҳоле ки мизони содирот ҳамагӣ 1 миллиарду 330 миллион долларро ташкил медиҳад. Яъне 2 маротиба камтар аз воридот. Пойин рафтани нархи ҷаҳонии пахтаву алюминиум, ду маҳсулоти умдаи содиротии Тоҷикистон иллати аслии чунин таносуби бузурги манфӣ дар тиҷорати хориҷӣ номида мешавад.
XS
SM
MD
LG