Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Русияву Гурҷистон баъди ҷанг


Ҳайъатҳои расмии Русия ва Гурҷистон имрӯз барои ширкат дар даври саввуми мулоқот дар Созмони Милал вориди шаҳри Женева шуданд, то доир ба оқибатҳои ҷанги кӯтоҳашон дар тобистони имсол сӯҳбат кунанд. Масъалаи фирориёну беҷошудагон ва вазъи амниятӣ дар минтақа аз мавзӯъҳои аслии гуфтӯгуи онҳо хоҳад буд. Дар мулоқоти ҳайъатҳои расмии Русия ва Гурҷистон ҳамчунин намояндагони Созмони Милал, Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва мақомоти минтақаҳои ҷудоихоҳи Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG