Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабтиноми "Ҷумбиши муҳоҷирони тоҷик" дар Русия


Вазорати адлияи Русия имрӯз дувумин созмони тоҷикон дар Русия, "Ҷумбиши муҳоҷирони кории тоҷик"-ро расман сабтином кард. Қаблан созмони дигаре бо номи Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия сабти ном шуда буд. Мавҷудияти ду созмон, ки вазифаҳои ҳамсон доранд, дар иттиҳод ва ҷомеаҳои маҳаллии тоҷиконро дар Русия ба ду ҷиноҳ тақсим карда буд. Аммо раҳбари "Ҷумбиши муҳоҷирони кории тоҷик" Кароматуллоҳ Шарифов мегӯяд, расмӣ шудани созмони ӯ роҳеро барои равобит ва ҳамкорӣ на танҳо бо ниҳодҳои давлати Русия, балки бо Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия низ боз мекунад.
XS
SM
MD
LG