Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама барандаи ҷоизаи Нобелро вазир таъйин кард


Барак Обама-раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико Стивен Чу -барандаи ҷоизаи Нобелро дар кобинаи давлати худ вазири энержӣ таъйин кард. Стивен Чу раиси лаборатория ё озмоишгоҳи милии ҳукумати Амрико дар Калифорниё мебошад ва соли 1997 дар бахши физик ба дарёфти ҷоизаи Нобел ноил омадааст. Барак Обама гуфт, интихоби Чу ба ин мақом нишондиҳандаи он аст, ки давлати вай ба арзишҳои илмӣ аҳамият қоил аст:


"Таъйини Чу бояд ба тамоми ҳукумати ман паём фиристад, ки мо ба илм арзиши зиёд қоилем. Мо бар асоси далелҳо тасмим мегирем. Ва мо мефаҳмем, ки далел кори бузургеро тақозо мекунад".

Обама афзуд, кобинаи вай азми росих дорад, ки ба пойбандии Амрико ба сухти хориҷӣ хотима диҳад ва навъҳои нави сухт ё энержиро густариш диҳад.

XS
SM
MD
LG