Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То 20 сол ҳукми зиндони 7 узви як гурӯҳи қавмгаро


Имрӯз додгоҳи Маскав 7 узви як гурӯҳи қавмгароро дар 20 куштор ва 12 қасди куштор дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ гунаҳкор дониста, ба мӯҳлати аз 6 то 20 сол равонаи зиндон кард. Аъзои ин гурӯҳ тайи ду сол ба таъқиби афроди ғайриславян дар Маскав машғул буда, бархе ҷиноёти худро ҳатто тавассути Интернет нашр мекарданд. Аммо Артур Рино ва Павел Скачевский, раҳбарони аввали ин гурӯҳ, танҳо 10-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд, чунки дар замони даст ба ҷиноят задан ҳанӯз ноболиғ будаанд. Яке аз қурбониёни ин гурӯҳ Хайруллоҳ Содиқов, шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон буд, ки дар минтақаи Перовои Маскав роҳрӯбӣ мекард. Содиқов ду сол пеш бо 35 зарбаи корд кушта шуд.
XS
SM
MD
LG