Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи бензин дар Тоҷикистон пойин меравад


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, раванди коҳиши нархи маводи сӯхт дар ин кишвар то поёни сол идома хоҳад кард. То 2 маротиба пойин рафтани қимати ҷаҳонии нафт як далели аслии рӯ ба пойин овардани нархи бензину солярка дар бозорҳои Тоҷикистон шудааст. Феълан қимати як литри бензин дар сӯхтфурӯшиҳои Душанбе, вобаста ба навъаш, то 2,5 сомонӣ ва як литр солярка 3 сомонӣ арзиш доштааст.
XS
SM
MD
LG