Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш дар Кобул бо Карзай мулоқот кард


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш имрӯз дар Кобул, дар ҷараёни сафари қаблан эълонношудааш ба Афғонистон, бо раҳбари ин ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай мулоқот кард. Буш дар пайи дидори Ироқ вориди Афғонистон шуд. Ҷорҷ Буш дар фурудгоҳи Багром, дар ҳошияи Кобул, дар ҷамъи садҳо тан аз нирӯҳои амрикоиву хориҷӣ суханронӣ кард ва аз ин ҷо тавассути чархбол ба хотири мулоқот бо Карзайц озими Кобул шуд. Буш ба хабарнигорон гуфт, ҷанг алайҳи Толибон ва Ал-Қоида ба “як набарди тӯлонӣ” табдил меёбад, чунки, ба эътиқоди ӯ, “набарди ақидатӣ” фурсати зиёд металабад. Аммо ӯ афзуд, феълан вазъи Афғонистон дар муқоиса бо соли 2001, ки ин кишвар то вуруди нирӯҳои байналмилалӣ таҳти султаи Толибон қарор дошт, беҳтар шудааст.
XS
SM
MD
LG