Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернатсионалистон қабристонро поккорӣ карданд


Ҷанговарони интернатсионалист ё худ собиқадорони ҷанги шӯравӣ дар Афғонистон дар шаҳри Кӯлоб қабристони насрониҳои православ дар ин шаҳрро тармим ва поккорӣ карданд. Раиси иттиҳоди ин собиқадорон, Рустам Абдуқаюмов ба хабаргузории ИТАРТАСС гуфтааст, сарбозони собиқ чиғи қабрҳоро тармим ва раҳравҳои қабристонро тоза карданд ва ҳамчунин даҳҳо ниҳол шинонданд. Ба гуфтаи вай, дар ин қабристон зиёда аз сад гӯр пас аз хуруҷи русҳо аз Кӯлоб бепарастор монда рӯ ба харобӣ овард. Абдуқаюмов афзудааст, созмони ӯ бо кӯмаки ҳарбиёни полки 149-и Русия дар Кӯлоб ва ба муносибати 20-умин солгарди хуруҷи нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон дар ин ҷо пайкараи ёбуд гузорад.
XS
SM
MD
LG