Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири бӯҳрони ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон меафзояд


Интизории тасаллодиҳандаи ин ки бо сабаби пайвандҳои кам ва набуди бозори саҳмияҳо бӯҳрони ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон таъсир нахоҳад кард, нодуруст баромад. Ин нуктаро ноиби раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Юсуфов дар нишасти мизи мудаввар дар Маркази пажӯҳишҳои стратегии Тоҷикистон изҳор дошт. Ба навиштаи хабаргузории ИТАРТАСС, Юсуфов гуфтааст, мавҷи дувум ва қавитари бӯҳрон дар ҷаҳон паҳн мешавад, ки Тоҷикистонро низ фаро хоҳад гирифт. Дар ҳоле ки даромади фурӯши алюмин ва пахта дар буҷаи давлатӣ аз чаҳор се ҳиссаро ташкил медиҳанд, нархи алюмин ду баробар ва пахта сеяк ҳисса кам шудааст. Талабот ба дигар маводи бе ин ҳам ками содиротии Тоҷикистон бо суръат коҳиш меёбад ва акнун интиқоли пули муҳоҷирон аз хориҷи кишвар низ кам хоҳад шуд. Дар ҳамин нишаст зикр гардид, ки Тоҷикистон дар тули солҳои охир натавонист, саноати хӯрокворӣ ва сабукро эҳё кунад, судури меваю сабзавот ба хориҷа низ дар сатҳи ҳаваскорона боқӣ монд. Гуфта шуд, вазъи бӯҳронӣ ва бозгашти ҳазорон нафар аз муҳоҷирони бекормонда метавонад сабаби бесуботиҳои мамлакат гардад.
XS
SM
MD
LG