Вазорати хориҷаи Эрон фиристодаи Фаронса дар Теҳрон Бернар Полеттиро даъват карда, дар робита ба ҳарфҳои раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ дар бораи ҳамтои эрониаш Маҳмуди Аҳмадинажод изҳори эътирози шадид кард. Саркозӣ дар ҷашни солгарди 60-уми тасвиби Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар гуфт, ки ӯ бо Аҳмадинажод пушти як миз нахоҳад нишаст, чунки Аҳмадинажод аз мардуми Эрон намояндагӣ намекунад. Саркозӣ ҳамчунин гуфт, барояш даст додан ба нафаре, ки ҷуръат карда, мегӯяд, ки Исроил бояд аз харитаи ҷаҳон рӯфта шавад, ғайриқобилиқабул аст.