Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гилхоки Курговад ба Турсунзода рафт


Аз рустои Курговади ноҳияи Дарвоз ҳудуди 40 тонна гилхок ба ТАЛКО, корхонаи алюминсозии Тоҷикистон, фиристода шуд. Гилхок ашёи хом барои тавлиди алюминиум маҳсуб шуда, интиқоли он аз кони Курговад ба Турсунзода барои нахустин бор ва барои таҷруба сурат мегирад. Латиф Шоҳзодаев, мутаххассиси идораи иқтисоди вилояти Бадахшон гуфт, агар озмоиш гилхоки кони Курговадро ҷавобгӯи талабот дарёбад, ТАЛКО дар оянда метавонад аз ашёи хоми дохилӣ истифода кунад. ТАЛКО, мақараш дар Турсунзода, бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон дониста шуда, дар сол беш аз 400 000 тонна алюминиуми аввалия тавлид мекунад. Аммо ин корхона то кунун глинозём, ё худ гилхок, ашёи хоми лозим барои тавлиди алюминиумро аз хориҷ, асосан аз Русияву Украина ва Озарбойҷон ворид мекард.
XS
SM
MD
LG