Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониҳо дар Киркук ба 45 нафар расид


Пулиси Ироқ мегӯяд, шумори кушташудагон бар асари таркиши интиҳории имрӯза дар наздикии шаҳри Киркук, дар шимоли Ироқ, ба дасти кам 45 нафар ва теъдоди маҷрӯҳони ин ҳамла ба беш аз 90 нафар расидааст. Пулис мегӯяд, маргталаб худро дар дохили як тарабхонаи пуриздиҳом дар канори Киркук мунфаҷир кард. Ҳамлаи имрӯза аз хунинтарин ҳамалот дар ироқ тайи моҳҳои охир маҳсуб шуда, шумори қурбониёнаш метавонад боз ҳам бештар бошад. Киркук шаҳри гуногунқавм буда, дар он курдҳову арабҳо ва туркманҳо ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG