Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА ҳамла алайҳи нозиронашро маҳкум кард


САҲА ҳамлаи силоҳбадастони ношинос ба ҳайъати нозирони ин созмон дар наздикии марзи Гурҷистон бо вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубиро маҳкум кард. Терҳӣ Ҳакала, раҳбари ҳайъати нозирони САҲА дар Гурҷистон, ин ҳамларо “ ҳодисаи ғайриқобилиқабул”-е номид, ки бояд таҳқиқ шавад. Дирӯз ду нафари мусаллаҳи либоси низомӣ дар тан дар наздикии марзи Осетияи ҷанубӣ аз як ҷангалистони канори шоҳроҳ мошини зиреҳпӯши ҳомили нозирони хориҷиро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Вазорати умури дохилаи Гурҷистон мегӯяд, зиреҳпӯш тахриб шуда, вале ҳеҷ кадоме аз сарнишинонаш осеб надидааст.
XS
SM
MD
LG