Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми сарвазири Юнон дар пайи беназмиҳо


Сарвазири Юнон Костас Караманлис дар як паёми телевизионӣ дифоъ аз шаҳрвандони Юнонро ваъда супурда, пардохт кардани хисороти ворида ба муассисоти тиҷоратӣ тайи 5 рӯзи беназмиҳоро пешниҳод кард. Ин дар ҳолест, ки рӯзи чоршанбе низ тазоҳуроти эътирозӣ дар Афина, пойтахти Юнон, ва дар шаҳри Салоникӣ ба даргирии байни донишҷӯён ва нирӯҳои пулис печид. Донишҷӯён дар пайи ҳалокати як наврас аз тири пулис инак рӯзи панҷум аст, ба эътирозоти пурошӯби худ идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG