Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни бритониёвӣ Ироқро тарк мекунанд


Бахши аъзами низомиёни бритониёвӣ то моҳи июни соли 2009 аз Ироқ берун карда хоҳанд шуд. Дар ин бора расонаҳои чопи Лондон бо такя ба манбаъҳо дар вазорати дифоъ хабар доданд. Ба иттилоъи ин манобеъ, хуруҷи нерӯҳои бритониёвӣ аз моҳи март шурӯъ мешавад. Интизор меравад, ки авоили соли оянда сарвазири Бритониё Гордон Браун ҷадвали хуруҷи низомиёни кишвар аз Ироқро эълон кунад. Айни ҳол дар Ироқ беш аз 4 ҳазор афсару сарбозони бритониёвӣ мустақаранд.
XS
SM
MD
LG