Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Аврупо ба Косово омад


Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар умури ҳифзи ҳуқуқ ва қонун дар Косово имрӯз ба таври расмӣ иҷрои вазифаҳои намояндагии Созмони Милали Муттаҳидро дар ин ҷо бар ӯҳда гирифт. Ин нерӯ, ки EULEX номида шудааст, аз 2 000 корманди полис ва адлия иборат буда, ба мақомоти Косово дар муборизаи зидди фасод ва ҷинояткории созмонёфта кӯмак хоҳад кард. EULEX аз ҳимояти нерӯҳои посдори сулҳи НАТО дар Косово бархӯрдор хоҳад буд. Оғози кори ин ниҳод бо сабаби шикоятҳои аксарияти албанитабор ва ақаллияти сербтабор то ҳоло ба таъхир афтода буд.
XS
SM
MD
LG