Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ошӯбу харобкориҳо дар Юнон


Садҳо нафар аз тазоҳургарони хашмгин имрӯз низ дар ду шаҳри бузурги Юнон бетартибӣ карда, мошину фурӯшгоҳҳоро оташ заданд ва ба сӯи маъмурони амниятӣ зарфҳои оташгиранда партоб намуданд. Ошӯбҳо рӯзи шанбе дар шаҳри Афина пойтахти Юнон шурӯъ шуда ва ба шаҳри Тсалоникӣ ва дигар шаҳрҳо паҳн шуд. Ин ошӯбгарон аз ҳалокати як навраси юнонӣ ба хашм омадаанд, ки аз тири як корманди пулис ба ҳалокат расид. Ду корманди пулиси Юнонро барои тирандозӣ ба сӯи наврасон ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

XS
SM
MD
LG