Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талош барои рафъи ихтилофот дар Аврупо


Раиси ҷумҳури Фаронса ва нахуствазири Лаҳистон имрӯз дар робита ба барномаи баландпарвозонаи Иттиҳодияи Аврупо ҷиҳати муқобила бо тағйири иқлим гуфтӯгу карданд. Ҳадаф аз мулоқоти Николя Саркозӣ ва Доналд Туск дар шаҳри Гдански Лаҳистон рафъи ихтилофоти назар бар сари ин барнома буд. Қарор аст, имрӯз нахуствазирони Эстония, Латвия, Литва, Маҷористон, Словакия, Булғористон, Руминия ва Ҷумҳурии Чех ҳамроҳ бо Николя Саркозӣ раҳбари феълии Иттиҳодияи Аврупо барномаи ҷилавгирӣ аз гармоиши курраи Заминро баррасӣ кунанд. Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад, кишварҳои узв то соли 2020 ҳаҷми партоби газҳои гулхонаиро 20 дар сад кам кунанд, аммо кишварҳои мазкур мухолифи ин барнома ҳастанд, зеро метарсанд, ки иқтисодашон осеб мебинад.
XS
SM
MD
LG