Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи Обама барои эҳёи иқтисоди ИМА


Раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико Барак Обама имрӯз бахше аз барномаи иқтисодиаш ҷиҳати эҳёи иқтисодии Иёлоти Муттаҳидаро муаррифӣ кард, ки ҳифз ва ё офаридани дувуним миллион ҷойи кории навро дар назар дорад.

Дар суханронии радиоии худ Барак Обама гуфт, ҳукуматаш талошҳои васеъмиқёсеро ба роҳ андохта барои тармими зербунёдҳо ва навсозии мактабҳо дар ин кишвар пули зиёде ихтисос медиҳад.

Рӯзи ҷумъа мақомоти расмии Амрико омори расмии тозаро нашр карданд, ки аз бадтар шудани вазъи иқтисоди ин кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Бино ба ин омор муассисаву корхонаҳои Амрико танҳо дар моҳи ноябр 533 ҳазор нафарро ихтисор кардаанд. Падидае, ки Амрико тайи 34 соли ахир шоҳиди он нашуда буд.

Normal 0
XS
SM
MD
LG