Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар Русия муҳоҷирони кориро кам мекунад


Влодимир Путин-нахуствазири Русия гуфтааст, дар соли 2009 бояд шумораи муҳоҷирони кории хориҷӣ дар Русия 50 дарсад коҳиш ёбад. Вай чунин тасмимро ба буҳрони молии сартосарӣ иртибот додааст. Оқои Путин ин нуктаро дар суолу ҷавоби телефонӣ бо шаҳрвандони Русия, ки аз телвизюни кишвараш пахш шуд, изҳор дошт. Бино ба ҳисобҳои тақрибӣ, беш аз як милиён нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва аз ҳоло дар бисёре аз шаҳрҳои Русия кордиҳандагон музди кори моҳҳои ахири ин муҳоҷиронро пардохт накардаанд. Муҳоҷирони кории тоҷик ба нишонаи эътироз ба пардохт нашудани дастмуздашон дар Екатеринбург тазоҳуроти худро аз 26-уми ноябр ба ин су идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG