Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони САҲА дар бораи ҷанги Русияву Гурҷистон


Мавзӯи ҷанги кӯтоҳмуддати Русия бо Гурҷистон ва таъсири он ба вазъи амниятии Аврупо дар меҳвари нишасти вазирони хориҷаи САҲА қарор дошт. Вазири хориҷаи Финландия Александр Штубб бо истиқболи 50 ҳамтои ширкатдори нишасти дурӯзаи кишварҳои узви ин созмон дар Ҳелсинкӣ гуфт:

"Хабари бад дар марҳилаи кунунӣ ин ҷанги бисёр ваҳшиёна дар Гурҷистон аст. Ин он чизест, ки ман дар оянда такрори онро ба ҳеҷ сурат дидан намехоҳам. Ин барои нахустин бор аст, ки ман ҷангро аз наздик мушоҳида кардам. Ва ин чиз бори дигар ба ман эътимод мебахшад, ки мо ин ҷо барои кӯшиши ҳалли ин навъи низоъҳо қарор дорем".

Вазири хориҷаи Фаронса Бернар Кушнер, ки кишвараш раҳбарии давраии Иттиҳодияи Аврупоро дорад, аз истиқрори нирӯҳои Русия дар ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон танқид кард ва гуфт, ки ин амал ба эътидоли минтақа хизмат намекунад. Интизор меравад, ки дар ин нишаст вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров пешниҳоди амниятии нави кишварашро муаррифӣ кунад.

XS
SM
MD
LG