Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама вазири тиҷорати кобинаи худро баргузид


Барак Обама-раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико Билл Ричардсон-волии аёлати Нию Мексикои ин кишварро ба семати вазири тиҷорати кобинаи давлаташ баргузид. Оқои Обама дар ин бора дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Чикаго иттилоъ дод. Дар давлати Бил Клинтон-раиси ҷумҳури пешин Билл Ричардсон вазири энержӣ ва намояндаи Амрико дар СММ буд. Вай соли ҷорӣ худро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ номзад пешбарӣ кард. Вале аз мубориза даст кашид ва аз номзадии Барак Обама ҷонибдорӣ кард. Вай яке аз сиёсатмадорони маъруфи испониёитабори Амрикост.

XS
SM
MD
LG