Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО равобиташ бо Русияро эҳё мекунад


Дар Брюссел, дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви НАТО дар мавриди эҳёи ботадриҷи равобит бо Русия тасмим гирифта шуд. Равобити миёни НАТО ва Русия баъд аз ҳаводиси моҳи август дар Осетияи ҷанубӣ вориди бунбаст шуд.

Кишварҳои узви НАТО ҳамчунин эълом доштанд, ки дар оянда Укроин ва Гурҷистон метавонанд бо Паймони Атлантикаи Шимол пайванданд ва аммо аз пешниҳоди барномаи амал барои омодагӣ ба вуруд ба НАТО ба ин ду кишвар худдорӣ карданд.

Яаап Де Ҳуп Схеффер дар ин нишаст, аз ҷумла, гуфт, ки "ба Укроин зарур аст, ки дар роҳи ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва ҳамчунин ислоҳот дар бахши мудофиа ва амният гом ниҳад. Маҳз ба ҳамин хотир ба нерӯҳои сиёсӣ дар Украин зарур аст, ки сари музокироти созанда нишинанд ва барномаи умумии татбиқи ҳадафҳои стротегии кишварро таҳия кунанд.

Владимир Огризко, вазири хориҷаи Укроин тасмими НАТО-ро чун "қадами навбатӣ дар роҳи наздикшавии Укроин бо меъёрҳои кишвари узви НАТО" арзёбӣ кард.

XS
SM
MD
LG