Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишастҳои эътирозӣ дар Таиланд хотима меёбад


Фаъолони зидди ҳукумати Таиланд, ки фурудгоҳи Бангкокро аз ҳафтае пеш дар ихтиёри худ дароварда буданд ва парвозҳо муттаваққиф шуда буд, мегуянд, ки аз субҳи имруз, яъне чаҳоршанбе ба ҳар гуна тазоҳурот хотима медиҳанд. Додгоҳи Қонуни Асосии ин кишвар тасмими гирифтааст, ки нахуствазир Сомчай Вонгсават аз мақомаш дур шавад, зеро Ҳизби ҳокими Нируи Мардумӣ дар интихобот ба тақаллуб роҳ додааст. Баъд аз ин тасмим фаъолони мухолифон розӣ шуданд, ки ба нишастҳои эътирозӣ хотима мебахшанд. Вале то ҳол рушан нест, ки парвозҳо кай аз сар гирифта мешавад. Дар Бангкок-пойтахти Таиланд тақрибан 350 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ба сабаби таваққуфи парвозҳо наметавонанд ба кишвари худ баргарданд.
XS
SM
MD
LG