Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алии Кимиёиро боз ба марг маҳкум карданд


Як додгоҳи Ироқ Ҳасан Ал- Маҷидро, ки бо лақаби Алии Кимиёӣ маъруф аст, барои даст доштанаш дар саркӯбии ошӯбҳои шиъамазҳабон дар соли 1991 ба марг маҳкум кард. Ҳасан Ал Маҷид барои нақшаш дар қатли даҳҳо ҳазор нафар курди ироқӣ дар ахири солҳои ҳаштодум соли 2007 низ ба марг маҳкум шуда буд. Додгоҳ ҳамчунин Абдулғанӣ Абдулғафур раиси пешини Ҳизби Баъси Саддом Ҳусайнро низ ба қатл маҳкум кард. Дар ин муҳокима барои чаҳор мақоми дигари ҳизби мазкур ҳабси абадро раво дидаанд.
XS
SM
MD
LG