Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби ҳокими Таиландро пароканда карданд


Додгоҳи Қонуни Асосии Таиланд имрӯз Ҳизби Қудрати Мардумӣ, ҳизби ҳоким ва ду ҳизби ҳампаймони онро пароканда кард, зеро ба гуфтаи додгоҳ ҳангоми интихоботи моҳи декабри соли 2007 онҳо тақаллубкорӣ кардаанд. Раҳбарони ҳизбҳо, бо шумули Сомчай Вонгсават - нахуствазири Таиланд барои панҷ соли аз ҳаққи фаъолият дар арсаи сиёсӣ маҳрум шудаанд. Ин ҳукми Додгоҳи Қонуни Асосии Таиланд баъди он содир шуд, ки таркиш дар тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар фурудгоҳи шаҳри Банкок як нафарро кушта ва 20 тани дигар аз тарафдорони Эътилофи Мардумӣ барои Демократия маҷрӯҳ кард.

XS
SM
MD
LG