Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паймони амниятии Ироқу Амрико тасвиб шуд


Парлумони Ироқ имрӯз паймони амниятии Ироқу Амрикоро тасвиб кард. Раиси Маҷлис Маҳмуд Машҳадонӣ гуфт, аксарияти кулли вукалои парлумон аз ин қарордод пуштибонӣ кардаанд. Тибқи қарордод, нирӯҳои дар ҳоли ҳозир тақрибан 150 000-нафарии Амрико аз поёни моҳи июни соли 2011 ба хуруҷ аз шаҳрҳои Ироқ оғоз карда, то 1 январи соли 2012 Ироқро пурра тарк мекунанд. Паймони амниятӣ бояд акнун аз ҷониби Шӯрои раёсатҷумҳурии Ироқ низ тасвиб шавад.
XS
SM
MD
LG