Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон сафар мекунад


Имрӯз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯза вориди Эрон мешавад. Интизор меравад, вай бо президенти Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, вазири дифоъи Эрон Мустафо Муҳаммад Наҷҷор, вазири умури хориҷӣ Манучеҳри Муттакӣ ва вазири энержӣ Парвизи Фаттоҳ дидору гуфтушунид дошта бошад. Гуфта мешавад, дар ин нишастҳо масъалаҳои ҳамкории васеътари миёни Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Хабаргузориҳо мегӯянд, Раҳмонро дар ин сафар ҳайати бузурге аз мақомоти давлат ва тоҷирону соҳибкорон ҳамроҳӣ мекунанд. Дар солҳои охир ҳамкориҳои байни Эрону Тоҷикистон рӯ ба афзоиш буда, дар бунёди нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" сармоя, фанноварӣ ва нерӯи кори Эрон истифода мешаванд.
XS
SM
MD
LG