Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли ифтитоҳи намояндагии Амрико дар Эрон


Вазири умури хориҷии Амрико, Кондолиза Райс мегӯяд, тасмими ифтитоҳи намояндагии дипломатии Иёлоти Муттаҳида дар Эрон ба ихтиёри ҳукумати нави Амрико таҳти раёсати президенти ттозаинтихоб Барак Обама вогузор хоҳад шуд. Вай афзуд, президент Буш усулан ба чунин иқдом омода буд, аммо фурсати амал ба авҷи ҷанг миёни Русия ва Гурҷистон дар моҳи август рост омад. Иёлоти Муттаҳида равобити дипломатияш бо Эронро замони бӯҳрони гаравгонгирии кормандони сафорати Амрико дар Теҳрон дар солҳои 1979-1981 қатъ кард. Донишҷӯёни эронӣ 52 корманди сафоратро 444 рӯз дар асорати худ нигаҳ доштанд. Аввалин бор дар 30 соли охир Амрико ба фикри боз кардани намояндагии худ дар Теҳрон афтод.
XS
SM
MD
LG