Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

200 миллиард евро барои рушди иқтисоди Аврупо


Комиссияи Аврупоӣ пешниҳод кардааст, ки барои рафъи оқибатҳои бӯҳрони моливу рушди иқтисоди кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо як барномаи пуштибонии молии баробар бо 200 миллиард евро раҳандозӣ шавад.

Ин миқдори пул ба 1,5 % тавлиди нохили миллии кишварҳои узви Иттиҳодия мусовӣ мебошад.

Бар пояи ин барнома аз ҷумла, коҳиши андоз, кӯмак ба оилаҳои камбизоат, сармоягузорӣ дар соҳаҳои зербиноӣ ва бахшҳои калидии иқтисод ба монанди саноати мошинсозӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин бора раиси Комиссияи Аврупоӣ Жозе Мануэл Баррозу мегӯяд:

" Дар бозори муштараки мо ягон мушкиливу ягон амали як узв ба аъзои дигар бетаъсир намебошад. Кишварҳое, ки барномаи дастгирии молиро раҳандозӣ мекунанд, аз ду ҷиҳат фоида хоҳанд дид: Аввалан, пулро ба ҷайби онҳое, мегузоранд, ки дар ватанҳояшон эҳтиёҷ доранд. Ҳамчунон онҳо тақозои кишварҳояшонро дастгирӣ намуда, ба содиркунандагонашон ёрӣ мерасонанд. Фоидаи ин барнома фақаи дар ҳоле ба даст меояд, ки он ҳамчун бахше аз иқдомҳои ҳамоҳангшудаи Иттиҳодияи Аврупоӣ ба амал бароварда шавад."

Ин боз як иқдоми ғайри қобили пешбинӣ мебошад, ки кишварҳои аврупоӣ ба хотири рафъи бӯҳрони молии саросарӣ пиёда хоҳанд кард.

Пешниҳод 11-12-уми декабр дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG