Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз афзоиши бухорҳои гулхонаӣ


Бунгоҳи Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, тамаркузи бухорҳои гулхонаӣ дар атмосфераи Замин ба дараҷаи нав рекордӣ расидааст. Дар гузориши тозанашри худ, Созмони ҳавошиносии ҷаҳон мегӯяд, ҳаҷми гази дуоксиди карбон дар ҳаво дар соли 2007 назар ба як сол пеш ним дарсад бештар шудааст. Дуоксиди карбон дар сар задани ҳолати гулхонаӣ 90% саҳм дорад. Бухорҳои гулхонаӣ маводеро ба атмосфераи Замин мефиристанд, ки ба тунук шудани он сабаб гашта, оқибат ба гармоиши иқлим мерасонад.
XS
SM
MD
LG